Амалиёти нотариалӣ бинобар бӯҳрони молиявӣ камтар шуданд

Январь 28, 2016 17:00

Душанбе, 28.01.2016 (АМИТ «Ховар») — Тавре ки вазири адлияи мамлакат Рустам Шоҳмурод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, дар давоми соли 2015 барои барасмиятдарории амалиёти нотариалӣ ба буҷаи давлат ба миқдори зиёда аз 38 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли пешина қариб 8 миллион сомонӣ камтар аст.
Дар нишасти матуботӣ яке аз сабабҳои кам шудани нишондиҳандаи мазкур таъсири бӯҳрони молиявии иқтисодӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, гуфта шуд.
Дар баробари ин, мақомоти вазорати адлияи мамлакат бо иҷро кардани санадҳои судӣ зиёда аз 19 миллион сомонӣ ва наздик ба 1 миллион доллари ИМА ба манфиати давлат маблағи пулӣ рӯёнидаанд.

Январь 28, 2016 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйиёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд