Тамринҳои хориҷии «Истиқлол» дар Туркия
Душанбе, 26.01.2016 (АМИТ «Ховар»). -Қаҳрамони Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дуюмин ҷамъомади таълимӣ-тамриниро дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мекунад. Тавре ки сомонаи расмии дастаи пойтахт хабар медиҳад, 31-январ дастаи «Истиқлол» ба ҷамъомади хориҷӣ дар Туркия, ки то 14 феврал идома меёбад, сафар хоҳад кард. Дар давоми ҷамъомади дуҳафтаина дастаи «Истиқлол» дар меҳмонхонаи «Корвонсарой» маскан гирифта, марҳилаи дуюми омодагӣ ба мавсими бозии навро мегузаронад. Дар ҷараёни ҷамъомад дастаи «Истиқлол» чор бозии назоратӣ бо дастаҳои хориҷиро дар нақша дорад. Дастаи «Истиқлол» қабл аз сафар ба Туркия бо дастаи «Хуҷанд» бозии санҷишӣ мегузаронад. Ин вохӯрӣ 29 январ, рӯзи ҷумъа, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе барпо мегардад. Ёдовар мешавем, ки ду бозии гузашта байни дастаҳо дар Қайроққум баргузор шуда, бо натиҷаҳои 1:1 ва 2:2 анҷом ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






