«Амонатбонк»-и Ваҳдат сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро баланд мебардорад

Январь 16, 2016 11:46

Ваҳдат, 16.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Филиали «Амонатбонк»-и шаҳри Ваҳдат дар соли 2015 ба 1129 мизоҷ ба маблағи 5 миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарз додааст ва 21 ҳазору 572 нафар нафақагири ҳифзи иҷтимоию 7886 нафар корманди соҳаи буҷетиро бо кортҳои пластикӣ таъмин намудааст, ки бе мушкилӣ сокинони шаҳр маошу нафақаашонро аз марказҳои хизматрасонии филиали «Амонатбонк»-и шаҳр дастрас менамоянд.
Филиали бонки мазкур дорои 16 маркази хизматрасонӣ, 16 постерминал, 3 банкомат ва 7 нуқтаи интиқоли маблағ мебошад, ки нақшаҳои аз тарафи БДА ҶТ «Амонатбонк» вобасташударо сари вақт иҷро мекунад ва кормандони филиали мазкур нақша доранд дар соли 2016 сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро баланд бардошта, нақшаҳои дар пеш гузоштаро пурра иҷро намоянд.

Январь 16, 2016 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд