Ҳамовозӣ ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Январь 20, 2016 16:48

Душанбе, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз тамоми кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва воҳидҳои тобеи он дар толори кумита ҷамъ омада, бо руҳияи баланди сиёсӣ Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Дарвоқеъ, ҳар сол мардуми кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизоранд ва ин ҳам бесабаб нест. Паёми Президенти кишвар аз минбари баланд мазмунан сермуҳтаво фарогири паҳлуҳои мухталиф — иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, умуман ҳаёт буда, барои ҳар яки мо роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад.
Нуктаҳои алоҳидаи Паём маҳз ба фаъолияти бевоситаи кумита дахл дошта, моро водор месозад, ки баҳри амалӣ гаштани онҳо саъю талош намоем. Дастгирии соҳибкорӣ самти афзалиятноки кумита ба шумор рафта, дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонда шуданд.
Давлат ва Ҳукумати кишвар таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкориро аз самтҳои муҳимми фаъолияти худ қарор дода, барои дастгирии соҳибкорон, таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа тавассути муқаррар кардани имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ, пардохти боҷи гумрукӣ, ҷорӣ намудани мораторий барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ месозанд.
Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ мо аз ҳисоби буҷети давлатӣ Фонди дастгирии соҳибкориро таъсис додаем, ки то имрӯз дар 47 шаҳру ноҳия ба субъектҳои зиёди соҳибкории истеҳсолӣ бо фоизҳои паст дар ҳаҷми 95 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат додааст. Имсол ба фонди мазкур ҷудо намудани 120 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин бонкҳо ва ташкилоти маблағгузории хурд фақат дар соли 2015 ба субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ зиёда аз 7 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 26 фоиз зиёд аст.
Маҳз дар натиҷаи тадбирҳои дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ амалигардида мавқеи кишвари мо беҳтар шуда, он тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар давоми солҳои охир 3 маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид.
Дар зарфи 10 соли охир дар кишвар беш аз 90 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, дар айни замон 63 лоиҳаи дигар бо ҳаҷми умумии зиёда аз 19 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Инчунин танҳо дар соли 2015 ба маблағи беш аз 7,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки қариб 4 миллиард сомонии онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад. Дар марҳалаи имрӯзаи рушд бахшҳои давлативу хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи афзалиятҳои муайяншуда бояд ширкати фаъолонаи худро идома диҳанд.

Январь 20, 2016 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!