АНМН: Вохӯрӣ дар ноҳияи Шаҳринав
Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки намояндагони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила ва кормандони ҷамоати Боғистони ноҳия вохӯриро дар байни зиёда аз 100 нафар занон ва модарон оид ба мавзӯъҳои зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва тундгаро баргузор намуданд.
Ҷамоати деҳоти Боғистон аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Шаҳринав ба ҳисоб рафта, зиёда 9 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Тибқи маълумот дар ҷамоати Боғистон 48 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст.
Дар вохӯрӣ модарон ва занони ҷамоати мазкур ба намояндагони агентӣ саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои дақиқ гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






