Арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба Суди Олӣ афзудааст

Январь 18, 2016 17:03

Душанбе, 18.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Дар соли сипаригардидаи 2015 ба Суди Олии кишвар 2 ҳазору 655 арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва эътирозҳо ворид гардидаанд, ки дар қиёс ба соли 2014 -ум 305 адад ё 13 фоиз зиёд мебошад»,- гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён- раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон. Мавсуф афзуд, ки аз шумораи умумии 2 ҳазору 412 шикояти баррасишуда 1130 адади он ба омӯзиши парвандаҳо марбут буда, 243 шикоят мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз теъдоди шикоятҳои ҳаллу фаслгардида 1057-тоаш ба парвандаҳои гражданӣ, 472 адад ба парвандаҳои оилавӣ, 852-то ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва 31 адади он марбут ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд.
Шермуҳаммади Шоҳиён афзоиш ёфтани арзу шикоятҳои шаҳрвандонро ба Суди Олии кишвар ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии онҳо рабт дода, таъкид кард, ки ба Суди Олии ҷумҳурӣ бо арзу шикоят муроҷиат намудани шаҳрвандон ва масъалагузорӣ намудани мушкилоти худ дар Додгоҳи Олии кишвар ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шаҳрванд аст.

Январь 18, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад