Ашт: Баргузории маҳфили бонувон «Зулайхо»
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар ҳамкорӣ бо бахши занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия маҳфили бонувон «Зулайхо» доир гардид, ки дар он занону духтарон аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд.
Бояд тазаккур дод, ки маҳфили мазкур бо иқдоми рӯзноманигори варзидаи ноҳия, шодравон Солеҳамоҳ Раҳматуллоева таъсис дода шуда, тӯли чандин сол аст, ки амал менамояд ва атрофи мавзӯъҳои мухталифу ҳалталаби ҷомеа сӯҳбату баҳсҳо доир намуда, занону духтаронро ба оиладорӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи некӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва ғайраҳо ҳидоят месозад.
Дар маҳфили навбатӣ доир ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, паст намудани сатҳи никоҳи хешутаборӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, пойдории ҷомеа ва оилаи солим, унсурҳои асосии оилаҳои намунавӣ аҳамияти махсус зоҳир карда шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Қаробоева С. зимни баромад иброз намуд, ки яке аз самтҳои асосӣ ва таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри сохтани ҷомеаи солим нигаронида шудааст, ки он аз оила сарчашма мегирад. Имрӯзҳо масъалаи тарбияи фарзанд боиси нигаронии ҷомеа гардидааст. Ба қонуншиканиву ҷинояткорӣ даст задани ҷавонон, гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар ҷомеа имрӯзҳо ташвишовар буда, аз ҳар яки мо, бонувон тақозо менамояд, ки дар ин самт дар байни аҳолӣ ҷиддӣ корҳои иттилоотиро ба роҳ монем.
Маҳфилро шеъру таронаҳои дар васфи ватан, модар, зиндагӣ қироатнамудаи толибилмони гимназияи рақами 1, шаҳраки Шайдон ҳусни тоза бахшид. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 200 нафар ширкат варзид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






