Асосгузори гурӯҳи «Eagles» Гленн Фрай аз олам гузашт
Душанбе, 19.01.2016 (АМИТ «Ховар»). -Гиторнавози амрикоӣ Гленн Фрай дар синни 67 чашм аз олам пӯшид. Ӯ асосгузори рок-гурӯҳи «Eagles»-и Калифорния буда, муаллифи сурудҳои зиёди солҳои 1970-ум мебошад. Дар ин бора «Reuters» хабар додаст.
Фрай аз илтиҳоби артрити ревмотоид, захми шадиди номуайян ва газаки шуш ба ҳалокат расидааст. Ин гурӯҳро соли 1971 дар Лос-Анҷелес зодаи шаҳри Детройт- Фрай, нақоразан ва овозхон Дон Хенли таъсис дода буд. Гурӯҳ дар мусиқиҳои худ рокро бо мусиқии кишвар омехта кард, ки он ба гурӯҳи машҳуртарини мусиқӣ табдил ёфт.
Сурудҳои «Hotel California», «Peaseful Easy Feeling», «Already Gone» ва «Take It Easy» ба онҳо мансубанд. Мусиқиҳои зиёди гурӯҳро шахсан худи Фрай ва дар якҷоягӣ бо Хенли эҷод кардаанд. Ин гурӯҳ соли 1980 барҳам хӯрд. Баъд аз ин Фрай сурудҳои «The Jne You Love», «Smugglers Blues» ва «The Heat Is One»-ро сабт карда дар касби худ муваффақ шуд. Соли 1994 ин гурӯҳ аз нав муттаҳид мешавад ва албомро бо номи «Hell Freezes Over» пешкаш мекунад.
«Eagles» соли 1998 ба саҳнаи машҳури Рок-н-ролл ворид гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






