Ҷавонони Хатлон — пайрави Пешвои миллат!

Январь 5, 2016 17:37

Душанбе, 05.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” маҷмӯи чорабиниҳо ҷараён доранд. Чунин чорабинӣ имрўз дар толори Литсейи давлатии №1-и шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки устодон ва хонандагон дар давраи таътили зимистона бо мақсади баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ — сиёсӣ, бедор намудани ҳисси ватандустӣ ва давлатсозии навини тоҷикон баргузор гардид.
Аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” зикр намуданд, ки 9 — уми декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” қабул шуд. Ташаббуси мазкур амри зарурӣ ва саривақтӣ буда, қабули он нишонаи арҷ гузоштан ба заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аслан мо ҷавонони хуштолеъи замони истиқлол хеле барвақт Сарвари давлатро Пешвои миллат унвон карда будем, зеро бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ин шахси абармард дар ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақши ҷавонон хеле боло рафтааст.
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” — ро якдилона ҷонибдорӣ намуда, изҳор менамоем, ки Президенти муҳтарами мо барои мо, ҷавонон Пешво, Пешоҳанг, Пешбаранда, Падар, Раҳнамо ҳамроҳ ҳастанд ва доимо буданд. Мо ҷавонони Тоҷикистон дастаҷамъона изҳор медорем, ки аз рӯзҳои аввал бо Шумо, Пешвои миллат будем, ҳастем ва хоҳем монд!

Январь 5, 2016 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст