Аз ҳисоби вайронкунандагони қонунгузории ҷангал ба буҷети ҷумхуриявӣ 164 ҳазору 540 сомонӣ ворид карда шуд
Душанбе, 27.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Соли 2015 воридоти маблағ аз истифодаи муздноки сарватҳои ҷангал 2419,4 ҳазор сомониро ташкил дод,
Аз тарафи кормандони ҳифзи давлатии ҷангал оид ба вайрон кардани талаботи Кодекси ҷангали ҶТ 2039 санади вайронкунии қонунгузории ҷангал ба маблағи 368 ҳазору 757 сомонӣ зарар тартиб дода шудааст ва аз ин 306 ҳазору 280 сомонии он барқарор шудааст,- гуфт директори Агентии хоҷагии ҷангал Азизулло Исматзода имрӯз, 27 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи роҳбари ин ниҳод нисбат ба вайронкунандагони ҷангал 1019 санади ҷавобгарии маьмурӣ ба маблағи 191 ҳазору 614 сомонӣ тартиб дода шуда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ 164 ҳазору 540 сомонӣ ворид шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






