Аз зилзилаи Шарора 27 сол сипарӣ гардид
Душанбе, 23.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-Имрӯз 23 январ аз зилзилаи мудҳиши Шарора 27 сол сипарӣ гардид. Субҳи 23 январи соли 1989 соати 5:02 дақиқа дар маҳаллаҳои Шарора, Сарчашма (собиқ Оқулии Боло) ва Сайёд (Оқулии Поён) заминҷунбӣ ва фурӯ рафтани замин рух дод.
Заминларзаи Шарора ба 1952 хоҷагии ноҳияи Ҳисор зарари калон расонида, 4, 5 ҳазор оиларо бесарпаноҳ кард, 4512 манзил, 53 мактаб, 24 муассисаи тиббӣ, 2 боғча, 8 мағоза ва як ошхона, 45 километр хати барқ, 50 километр хати радиотелефон, 7 километр хати шабакаи обрасонӣ, 15 километр роҳ, 14 километр шабакаҳои обёркунӣ, 9 клуб ва як китобхона, 5 бинои маъмурӣ ва як ферма хисороти ҷиддӣ диданд.
Дар маҷмӯъ аз ин зилзилаи мудҳиш беш аз 15 ҳазор одамон бе манзил гардиданд. Бо кумакҳои ҳукумат ва ҷомеа оқибатҳои фалокатбори зизлила ботадриҷ бартараф карда шуданд. Аз он рӯзҳои мудҳиши зилзилаи Шарора 27 сол пур гардид. 2 апрели соли 1993 маҳаллаи Шарора бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрак табдил дода шуд ва он алҳол яке аз шаҳракҳои пешрафта ва ободи ноҳияи Ҳисор маҳсуб меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






