Б. Ғафуров: 11 корхонаи нави саноатӣ фаъол гардид

Январь 12, 2016 15:40

Б.Ғафуров, 12.01.2016. (АМИТ “Ховар”).-Дар соли 2015 корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 322,2 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2014 ба маблағи 23,8 млн. сомонӣ зиёд аст. Дар ин бора Абдусамад Маннонзода, раиси ин ноҳия зимни нишасти хабарӣ 11 январ иттилоъ дод.
Суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 108 %- ро ташкил медиҳад. Дар ин замина, қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли гузашта 104,3% иҷро гардида, он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 6,1 млн. сомонӣ зиёд буда, буҷети маҳаллӣ низ дар ин давра 103,5% ё аз нақша 3,9 млн. сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.
Инчунин дар ин давра дар ин ноҳияи калонтарини вилоят аз ҷониби соҳибкорон 11 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар натиҷаи ташкили ин корхонаҳо 164 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид.
Дар ноҳия дар ин давра аз 94 корхонаи саноатӣ 84 ададаш фаъолият бурда, 28 адад ба ҳаҷми нишондиҳандаи соли 2014 набаромада, 10 адад корхона аз сабаби мавсимӣ будан ва набудани фармоишгар фаъолият накарданд.
Ҳамчунин А.Маннонзода оид ба омодагиҳо ба таҷлили 90-солагии таъсиси ноҳия дар соли 2016 баён дошт, ки дар ин самт алъон дар ноҳия корҳои ташкиливу омодагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҷараён гирифта, тибқи он соли равон дар нохия сохтмони чанд иншоот ба нақша гирифта шуда, чорабиниҳои асосии ҷашнӣ бо як шукуҳи хосса таҷлил мешаванд.

Январь 12, 2016 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!