Ба беш аз 10 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ иҷозат дода шуд
Душанбе, 01.04.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар соли ҷорӣ ба 10 218 шаҳрванди хориҷӣ иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ ва аз ин шумора ба 5946 нафар бидуни квота дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байнидавлатӣ иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дода шуд. Қобили зикр аст, ки ҳангоми додани иҷозатномаи фаъолият барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба таъсиси ҷойҳои кории нав ва бокортаъминсозии шаҳрвандони кишварамон афзалият дода шуда, дар ин давра дар ташкилоту муасисаҳои ҷумҳурӣ, ки мутахассисони хориҷиро ҷалб намудаанд, 40 848 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар 179 ширкат амалиёти санҷишӣ гузаронида, нисбат ба 292 шаҳрванди хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 499 ва 138 -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Аз ин теъдод 257 нафари онҳо барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош бо қарорҳои суд аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






