Ба беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи дубораи вуруд ба ФР дода шуд
Душанбе, 22.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия ба 1 ҳазору 444 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 190 донишҷў иҷозаи вуруди дубора ба қаламрави Федератсияи Русия дода шуд. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ имрӯз хабар доданд.
Тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар 9 моҳи соли 2015 зиёда аз 400 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатиро расман дар асоси патент ба роҳ мондаанд, ки насбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз зиёд мебошад. Шумораи шаҳрвандоне, ки ба гурўҳи хатар ворид шудаанд, 353 ҳазору 345 нафарро ташкил дода, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 234 ҳазору 150 нафар (соли 2014 — 587 495) ё 40 фоиз коҳиш ёфтааст.
Бино ба иттилои масъулини вазорат, бо дахолати кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар давоми соли 2015 маблағи 50 млн. 734 ҳазору 682 рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён баргардонида шуд. Бо мусоидати намояндагӣ 48 қарори суди ноҳивӣ бо қарори суди болоӣ бекор карда шуда, 352 парванда дар ҳолати баррасии судҳои болоии шаҳри Маскав ва вилояти Маскав қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






