Ба «Феҳристи номҳои миллӣ» Адҳам, Заҳир ва Аббос дохил нашуданд

Январь 27, 2016 15:58

Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба китоби «Фарҳанги номҳои миллӣ», ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои кумита бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» таҳия ва пешниҳод мешавад, «Феҳристи номҳои миллӣ» низ замима мегардад. Аз ин пас шаҳрвандон метавонанд аз феҳрист номҳои дурустро интихоб карда, аз китоби «Фарҳанги номҳои миллӣ» шарҳу тафсири онҳоро пайдо намоянд. Дар робита ба ин 26-уми январи соли равон дар китобхонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати якҷояи гурӯҳи кории кумита доир ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ» баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ Гавҳар Шарофзода, намояндаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишмандону пажӯҳишгарони забоншиноси кишвар ва мутахассисони соҳавӣ иштирок намуданд.
Роҳбарияти кумита иброз намуданд, ки «Феҳристи номҳои миллӣ» ҳамчун як ҳуҷҷати меъёрие хоҳад шуд, ки минбаъд тамоми мардуми кишвар танҳо дар доираи ин феҳрист бояд ба фарзандони худ ном гузоранд. Ҳангоми таҳияи феҳрист мушкилоти зиёд рӯи кор омад, ки бояд дар якҷоягӣ онро бартараф намуд.
Зимни ҷаласа номҳое, ки тавассути вожаҳои Абд ва Абдул (Абдуқуддус, Абдузокир) сохта шудаанд, номҳое, ки вобаста ба ҷинсияти гуногун дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон (Меҳрубон, Муҳаббат, Санавбар) истифода мешаванд, номҳое, ки аз вожаҳои ифодакунандаи ранг (Сабзалӣ, Сурхак) гирифта шудаанд, номи ҳайвонот (Гургалӣ, Паланг, Бабр, Шер), паррандагон (Товус, Тутӣ, Кумрӣ), рӯзҳои ҳафта, моҳҳо (Душанбе, Чоршанбе, Шанбе, Рамазон), меваҷоту сабзавот (Олуча, Шафтолу Гелос, Карам, Зардак), аз номи гулҳо (Гулбек, Гулмурод, Лола, Садбарг), дарахтон (Сарв, Санавбар, Арчамоҳ), номҳое, ки аз филизот (Тилло, Алмос, Гавҳар) гирифта шудаанд, номҳое, ки маънои нохубу нохушоянд доранду вале дар байни омма ҳамчун ном васеъ истифода мешаванд (Адҳам-тира, сиёҳ, Заҳир-ранҷ, Аббос-туршрӯӣ, шери беша, Закариё), номҳое, ки тавассути вожаҳои динӣ ҳамчун ҷузъҳои пешину пасин сохта шудаанд (Муҳаммад-мат-мад-мамад-ма, давлат-ризо,ниёз) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар музокира оид ба ин масъалаҳо аъзои гурӯҳи корӣ ақидаҳои хешро баён дошта, ба қароре омаданд, ки номҳои миллию қадимае, ки ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯянд, номҳои паррандаҳо, дарахтон, ҳайвонот, ки суннатҳои миллии номгузориро дар бар гиранду содда, тоҷикиасос, зебо, гӯшнавоз ва хушоҳанг бошанд, гулу зебоӣ ва ҳайвоне, ки симои ҷавонмардию далерӣ, ба монанди Шерафкан, Шерзодро ифода мекунанд, ба феҳрист ворид гарданд.
Дар мавриди номҳое, ки тавассути вожаҳои Абд ва Абдул сохта мешаванд, ба мисли Абдураҳмон, Абдулқодир, Абуабдулло, Абӯалӣ, Абурайҳон, ки шахсиятҳои бузурги таърихиянд ва мо аз онҳо ифтихор мекунем. Аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ пешниҳод шуд, ки бояд ин номҳо дубора ба феҳрист ворид шаванд, зеро онҳо ифодагари асолату бузургии гузаштагони моянд.
Дар мавриди истифодаи номҳои ба ҷинсият тааллуқдошта аъзои гурӯҳи корӣ ба хулоса омаданд, ки дар қисмати аввали фарҳанг зикр гардад, ки ин номҳо аслан духтарона ё писаронаанд ва бигзор мардум худашон интихоб кунанд.
Он номҳое, ки ифодакунандаи ранг, меваҷот, сабзавот, паррандагон ҳастанд, бигзор ба риояи меъёрҳои миллӣ мутобиқат кунанд, яъне зебо ва хушоҳанг бошанд ва номҳое, ки рӯзҳои ҳафта ва моҳҳоро ифода мекунанд, ба феҳрист ворид шаванд.
Дар анҷом гуфта шуд, ки «Феҳристи номҳои миллӣ» то охирҳои моҳи феврали соли равон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мегардад.
Мирзо Муллоаҳмад, доктори илмҳои филологӣ дар мавриди таҳияи «Феҳристи номҳои миллӣ» ва «Фарҳанги номҳои миллӣ» андеша дорад, ки: «Номгузорӣ дар фарҳанги мардуми мо бисёр масъалаи муҳим аст. Аз замонҳои қадим мардуми тоҷик ба гузоштани номҳои зебову хушоҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд. Унсурулмаолии Кайковус дар «Кобуснома»-аш таъкид кардааст, ки яке аз вазифаи асосии падару модар ба фарзанд гузоштани номи хуб аст. Дарвоқеъ, номҳои зебо дар фарҳанги мо хеле зиёданд, вале мутаассифона, дар замонҳои гуногун бо таъсири забонҳои бегона дар забони мо дар номгузорӣ баъзе номҳои намуносиб ҷой гирифтаанд. Мардум баъзан аз рӯи одатҳои тарзи зист, муҳити зист ва мавқеи таваллуди фарзанд номҳое мегузоштанд, ки муносиб набуданд. Мисли Табар, Теша, Санг ва ҳоказо. Имрӯз зарурати тавсия кардани номҳои зебо ба миён омадааст. Ҳукумати ЧТ ба ин масъала таваҷҷуҳ дорад, Кумитаи забон ва истилоҳот ва Академияи илмҳои Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки як феҳристи номҳоро тартиб диҳанд, то ки ҳамчун дастур ва тавсиянома падарону модарон аз онҳо истифода баранд. Номи хуб ба инсон аз ҳар ҷиҳат хуб аст, ҳам таъсири мусбат мерасонад ва ҳам барои ифодаи орзую омоли падару модар хидмат мекунад».
Ёдовар мешавем, ки китоби «Феҳристи номҳои миллӣ» ва «Фарҳанги номҳои миллӣ» китоби рӯимизии кормандони бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ, таваллудхонаҳову шуъбаҳои шиносномадиҳӣ ва ҳамзамон ҳар як хонавода дар ҳудуди кишвар маҳсуб шуда, минбаъд номгузории фарзандон дар асоси «Феҳристи номҳои миллӣ» ба роҳ монда мешавад.
Инчунин номҳое, ки дар «Феҳристи номҳои миллӣ» нестанд ва номҳои тозаэҷоду хушоянде, ки дар осори гузаштагони мо ҳастанду нав ба нав дар доираи вожасозии забони тоҷикӣ эҷод мешаванд, минбаъд дар мувофиқа бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба феҳристи мазкур илова гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

Январь 27, 2016 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент Кӯшки суғдӣ кашф гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар осорхона» доир мешавад
Оҳангсоз аз Эрон: «Шашмақомсароёни тоҷик хеле садои дилнишину оромбахш дошта, дар фосилаҳои садоии созҳои ин жанр бартарӣ доранд»
Дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дарси маҳорат бо услуби «устод – шогирд» доир шуд
150 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» пешниҳод гардид
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барнома доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза пайдо намудааст
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ консерти бошукуҳ баргузор мегардад
««ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Андешаҳо оид ба таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ
Фарҳангиёни Тоҷикистон бояд дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд
«ДУРНАМОИ РУШДИ МУСИҚИИ СУННАТИИ ХАЛҚҲОИ ШАРҚИ НАЗДИК ВА МИЁНА ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ». Таҳти чунин унвон фестивал-симпозиум доир гардид