Ба роҳи рост ҳидоят намудани мактаббачагон аз ҷониби гурӯҳи «Пешоҳанг»
Душанбе, 22.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» дар муассисаи таҳсилоти умумии ҷамоати Дар-дари деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ вохӯрии ҷавонон ва донишҷӯён бо мактаббачагони ҷамоати деҳоти мазкур баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони ШВКД дар ноҳияи Айнӣ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи мазкур ва ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» иштирок намуда, доир ба баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии хонандагон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, омӯхтани илму дониш ва технологияи муосир сухан гуфтанд.
Зимни вохӯрӣ узви фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» Муҳсин Муродзода доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба насли ҷавон ва шароиту имконоти фароҳам овардашуда ибрози назар кард.
Зикр гардид, ки барои таълимгирандагон ҳама шароити мусоид муҳайё гардида, онҳо бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш машғул гардида, бо одобу рафтори намунавӣ ҳамчун фарзандони сазовори ин миллату давлат ифтихори падару модари худ бошанд.
Ҳоло бо иқдоми ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» чунин силсилавохӯриҳо бо хонандагон ва донишҷӯён дар тамоми манотиқи кишвар роҳандозӣ гардида, барои васеъ намудани доираи ҷаҳонбинӣ ва илмомӯзии муҳассилин мусоидат менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






