Баргузории машварат барои бонувон дар Норак
Норак, 23.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар мақомоти иҷроия бо иштироки раисони Шўрои занони минтақаҳо бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои таблиғотии бонувон оид ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, сатҳи иҷтимоии оилаҳо, саҳми онҳо дар рушди давлатдории миллӣ ва пешгирии ҳолатҳои номатлуб машварат доир гардид.
Ҳамчунин дар машварат мавзўъҳои ба амалҳои номатлуб даст назадани занону духтарон, хурофотпарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона мавриди муҳокима қарор гирифтанд ва аз чанд масъалаи дигар, аз қабили ҷудошавии оилаҳо аз никоҳҳои хешутаборӣ, фарзандони маъюб таваллуд кардани оилаҳои ҷавон, даст ба кори нангин- танфурўшӣ задани иддае аз занон ва пайравӣ аз фарҳанги бегона изҳори нигаронӣ карда шуд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






