Беҳтар гардидани шароити кормандони ШВКД дар ноҳияи Ғончӣ
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ноҳияи Ғончӣ омада, баъди таъмири асосӣ аз ШВКД дар ноҳияи мазкур боздид ба амал овард.
Вазири корҳои дохилӣ аз Қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгузаронӣ ва дигар шароитҳои хизматбарию моддӣ-маишии кормандони милитсия дар ноҳияи Ғончӣ аз наздик шинос гардид.
Мавриди қайд аст, ки Шӯъбаи милитсияи ноҳияи Ғончӣ солиёни зиёд таъмир нокарда ва фарсуда гардида ба таъмири асосӣ ниёз дошт. Соҳибкорони ватанӣ бо иқдоми ҷавонмардонаи худ бинои ШВКД дар ноҳияи Ғончиро аз таъмири асосӣ бароварда, бо тамоми шароити муосир муҷаҳҳаз гардониданд, ки шоистаи таҳсин аст.
Вазири корҳои дохилӣ дар саҳни бинои ШВКД дар ноҳияи Ғончӣ бо ҳайати шахсӣ, дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия, соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ мулоқот доир намуда, ба онҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо аҳолӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатӣ ва шаҳрвандонеро, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо «Ифтихорнома»-ҳо ва тӯҳфаҳои қимматнок сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






