Беш аз 40 тонна асали Варзоб
Варзоб, 11.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳатию табобатӣ ва сайёҳӣ ҳамчун мавзеи дӯстдоштаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор дорад,-иброз дошт, раиси ноҳияи Варзоб Савзаалӣ Назирзода зимни нишасти хабарӣ, ки имрӯз доир гардид.
Раиси ноҳия дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимою иқтисодии ноҳия сухан ронда, аз ҷумла гуфт, ки соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 20,6 гектар боғу токзори нав бунёд шуд, ки 10,1 гектари онро боғи нав ташкил медиҳад. Алҳол дар ноҳияи Варзоб 4944 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст. Асалпарварон соли гузашта беш аз 40 тонна асали аълосифат ба даст оварданд.
Имсол кишоварзони ноҳия дар масоҳати 1122 гектар кишти тирамоҳии зироати ғалладона гузарониданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






