Бештари донишҷӯёни КМТ аз Душанбе мебошанд
Душанбе, 25.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-«Соли хониши 2015 ба комиссияи қабули Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов 126 довталаб ҳуҷҷат супорида, 124 нафари онҳо ҳамаи имтиҳонҳои дохилшавиро супорида, ба комисияи мандатӣ тавсия шуданд, ки қисми бештари довталабонро сокинони ш. Душанбе ташкил медиҳанд». Ин нуктаро имрӯз, 25 январ ноиби ректори Консерваторияи Миллии Тоҷикистон Бурҳон Сайфуддинов зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз кард.
Номбурда зикр намуд, ки шумораи донишҷӯёни таҳсили рӯзона 112 нафар ва ғоибона 12 нафарро ташкил медиҳад. Қабули донишҷӯён аз минтақаҳо: вилояти Хатлон -25 нафар, вилояти Суғд-21 нафар, вилояти Бадахшон — 8 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -25 нафар ва аз шаҳри Душанбе-46 нафарро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар консерватория 218 корманд фаъолият дошта, ба 491 донишҷӯи муассисаи мазкур дарс мегӯянд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






