БОР омодааст ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистонро дастгирӣ намояд
Душанбе, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Директори генералии Бонки Осиёии Рушд дар Осиёи марказӣ ва Ғарбӣ Шон О Саливан дар Тоҷикистон сафари дурӯза анҷом дод.
Дар ҷараёни сафар ӯ бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва аъзои олимақоми ҳукуматӣ вохӯрда, афзалиятҳои рушди кишвар ва вазъи иқтисодии кунунӣ, барномаҳои кумаки Бонки осиёии рушдро баррасӣ намуда ва идомаи кумакҳои бонкро барои дастгирии рушди миллӣ тасдиқ кард.
Стратегияи кунунии ҳамкории Бонки Осиёии рушд бо Тоҷикистон ба беҳтар намудани робитаҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ ва рушди бахши хусусӣ равона шудааст. Дар соли 2015 Бонки Осиёии рушд барои Тоҷикистон ду лоиҳаро ба маблағи умумии 92 миллион доллари ИМА пазируфт, аз ҷумла 60 миллион доллар барои дастгирии буҷа ба марҳилаи аввали барномаи ислоҳоти фазои сармоягузорӣ ва 32 миллион доллар барои навсозии таҳсилоти касбӣ дар кишвар равона мегардад.
Дар соли 2016 кумаки Бонки Осиёии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 70 миллион доллар барои барқарорсозии роҳҳои Душанбе-Қурғонтеппа ва беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар назар аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






