Дар 20 рӯзи аввали соли нав ба Хадамоти муҳоҷират 7053 нафар муроҷиат намуд
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Муроҷиати сокинони мамлакат ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он рӯз то рӯз меафзояд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти хадамот дар 20 рӯзи моҳи январи соли 2016 ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 7 ҳазору 53 нафар муроҷиат намуданд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон — шифоҳӣ — 6 ҳазор 296 нафар, хаттӣ — 139 нафар ва бо телефони боварӣ — 618 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 873 нафар занон мебошанд.
Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Русия 2 ҳазору 456 шаҳрванди кишвар дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират қарор доштанд ва аз сафари бебарор баргардонида шуданд.
Дар соли 2012 ба Хадамоти муҳоҷират — 547 нафар, соли 2013 — 15 ҳазору 480 нафар, соли 2014 — 71 ҳазор нафарро ташкил дода, дар соли 2015 шумораи он ба 112 ҳазору 183 нафар расид. Ҳамзамон 7 ҳазору 762 шаҳрванде, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия манъ карда шуд, аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин шуданд.
Дар айни замон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия гурӯҳи экспертӣ оид ба 5 намуд рӯйхати шаҳрвандоне, ки ба онҳо воридшавиашон ба қаламрави Русия манъ шудааст, таъсис ёфтааст.
Аз ҷониби ин гурӯҳи экспертӣ ба зиёда аз 1 ҳазору 444 шаҳрванди кишварамон, ки воридшавиашон ба Федератсияи Русия манъ карда шуда буд, иҷозаи дубора ворид шудан ба ин кишвар дода шуд ва кор дар ин самт идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






