Дар Афғонистон як мард бинии ҳамсари худро буриду фирор кард
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар») — Мақомоти маҳалии вилояти Форёби Афғонистон иттилоъ додаанд, ки шаби гузашта дар ҳудуди ин вилоят як мард бинии ҳамсари худро буридааст ва ҳоло ин хонум дар беморхонаи шаҳри Маймана- маркази вилояти Форёб бистарӣ шудааст.
Масъулини шифохонаи Маймана ба расонаҳо гуфтаанд, ки ин зан Резагул ном дошта, ҳангоме ки бо наздиконаш ба беморхона муроҷиат кардааст, қисмате аз бинии буридаашро бо худ овардааст.
Гуфта мешавад, Резагул бо шавҳараш ҳудуди шаш сол боз зиндагонӣ дошта, дар ин муддат борҳо мавриди шиканҷа қарор гирифтааст ва ҳатто ҳамсараш ӯро ба марг низ таҳдид кардааст.
Деҳае, ки ин воқеа рух додааст, таҳти назорати Толибон қарор дошта, шавҳари Резагул муваффақ ба фирор шудааст.
Табибони беморхонаи Маймана гуфтаанд, онҳо имкони ҷарроҳии бинии ин хонумро надоранд ва танҳо метавонанд роҳи ҷорӣ шудани хунро банданд.
Қаблан низ як мард дар Афғонистон бинии зани худро бурида буд ва сарбозони НАТО ин хонумро барои табобат ба Амрико интиқол дода буданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






