Дар ДДТТ ҳолати корупсионӣ ба қадри имкон аз байн бурда шуд
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Вобаста ба бартараф кардани ҳолатҳои коррупсионӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Мо қабл аз фаъол гаштани Маркази милии тестӣ, аз соли 2007 маркази ягонаи тестиро дар донишгоҳ таъсис дода будем. Донишҷӯён ҳамаи имтиҳонҳоро дар ҳамин ҷо месупориданд ва ин иқдом пеши роҳи ришваситониро аз байн бурд». Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии кишвар Убайдулло Қурбон иброз дошт.
Бино ба гуфтаи ректор имрӯз дар донишгоҳ масъалаи ришваситонӣ хеле кам гаштааст. “Он ҳарчанд пурра набошад ҳам, ба қадри имкон аз байн бурда шуд. Мо сандуқҳои шикоятӣ ва почтаи электронии ректорро фаъол кардаем ва аз тариқи он донишҷӯёну хоҳишмандон метавонанд бевосита ба мо муроҷиат кунанд”,-илова намуд ректор.
Убайдулло Қурбон афзуд, ки пас аз ба кор шуруъ кардани Маркази милии тестӣ кори онҳо низ осон шудаасту овозаҳо дар мавриди гирифтани пора ҳангоми дохилшавӣ аз байн рафтааст.








Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






