Дар ИМА бар асари барфрезии шадид 9 нафар ҷон бохт
Душанбе, 23.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бар асари барфрезии шадид дар ИМА садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа 9 нафар ба ҳалокат расид. Сабаби ин садамаҳои нақлиётӣ барфи шадад ва яхбандии роҳҳо мебошад, хабар медиҳад Assosiated Press.
Ба иттиллои « Би-би-си» вобаста ба вазъи обу ҳаво дар иёлатҳои Теннесси, Королинаи шимоли, Вирдҷиния, Мэриленд ва Пенсиливания ҳолати фавқулода эълон карда шуда, ҳамзамон аз номусоидии обу ҳаво рӯзҳои ҷумъа ва шанбе зиёда 6 ҳазор парвози хатсайри ҳавоӣ мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора қаблан «Коммерсант» иттиллоъ дода буд, ки ширкати ҳавоии ИМА хазорҳо парвози ҳавоиро бо сабаби барфи зиёд катъ карда буд. Инчунин, ширкати ҳавоии United дар бораи қатъи ҳамаи парвозҳо ба минтақаи миёнаи Атлантика аз соати 16-и рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ хабар дода буд. Зимнан гвардияи миллии ИМА бар зидди бориши барф дар назди соҳили атлантикаи иёлати Виргиния сафарбар карда шуданд. Дар мубориза бар зидди ин омил 500 ҷангии гвардияи миллӣ сафарбар карда шуд. Онҳо барои кӯчонидани одамон ба ҷойҳои бехавф, тоза намудани дарахтҳои афтида ва тақсими хӯрока равона шудаанд. Бори охир гвардияи миллӣ дар натиҷаи барфрезии моҳи марти соли 2015-ум сафарбар гардида буданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






