Дар натиҷаи амалиёти поксозии артиши миллии Афғонистон 28 ҷангӣ кушта шуд

Январь 29, 2016 17:34

Душанбе, 29.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба изҳороти Вазорати мудофиаи Афғонистон, шабонарӯзи гузашта дар қисматҳои мухталифи Афғонистон амалиёти поксозӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 28 ҷангӣ, аз ҷумла 3 қумандон кушта шуданд.
Дар изҳорот омадааст, ки артиши миллии Афғонистон дар 13 музофот, аз ҷумла дар Парвон, Нангарҳор, Ғазнӣ, Лоғар, Урузгон, Вардак, Қандаҳор, Зобул, Форёб, Бағлон, Қундуз, Ҷузҷон ва Бадахшон амалиёт гузаронд. Дар натиҷа 28 ҷангӣ кушта шуда, 20 тани дигар захмӣ гардиданд. Ҳамчунин 12 ҷангии дигар боздошт шуданд. Зимни амалиёт аз ҷангиён аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои таркандаи худсохт мусодира шуд.

Январь 29, 2016 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд