Дар Ҷопон куҳансолтарин марди сайёра дар синни 112 аз олам даргузашт
Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи сешанбе дар Ҷопон куҳансолтарини сокини сайёра Ясутаро Коидэ дар синни 112 аз олам даргузашт. Дар ин бора намояндагони беморхонаи шаҳри Нагоя, ки номбурда дар он муолиҷа мешуд, хабар доданд.
Сабаби фавти мавсуф бемории дил будааст. Ин марди дарозумр 13 марти соли 1903 дар шаҳри Суругаи музофоти Фукуи таваллуд шуда буд. Вай дар 107 солагиаш ба шаҳри Нагоя омад. То рӯзи вафоташ ягон дардеро ҳис намекард ва навиштаҳоро беайнак мехонд. Коидэ моҳи августи соли гузашта, ки дар он вақт ҳамдиёраш Сакари Момои дар синни 112 вафот карда буд, расман марди куҳансолтарини сайёра дониста шуд.
Сокинони Ҷопон аз нигоҳи дарозумрӣ дар ҷаҳон яке аз мақоми баландтаринро касб намудаанд. Ин нишондод барои мардон 80,5 сол ва барои занон 86,83 солро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти омор, соли гузашта теъдоди сокинони синнашон беш аз 80 — солаи Ҷопон бори нахуст дар таърихи миллат беш аз 10 миллион нафарро ташкил дод. Дар Ҷопон сокинони синнашон аз 65 боло 34,8 миллион нафарро ташкил дода, 26,7 фоизи тамоми аҳолии Ҷопон ба онҳо рост меояд, ки он дар тамоми таърихи кишвар рекорд ба шумор меравад. Мувофиқи арзёбии мутахассисон, дар сурати давом ёфтани тамоюли ҳозира то соли 2040 барои сокинони синнашон аз 65 боло беш аз 36 фоизи аҳолии кишварро ташкил хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






