Дар шаҳри Душанбе маводи нашъовар ва психотропӣ дарёфт шуд
Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳашиш ва маводи психотропиро мусодира намуданд.
Ҳангоми гузаронидани чораҳои иловагӣ аз рӯи парвандаи ҷиноӣ нисбат ба шаҳрванди қаблан дастгиршуда дар шаҳри Душанбе сокини 33-солаи пойтахт дастгир гардид. Ҳангоми кофтуков аз ӯ бастаи полиэтиленӣ дарёфт шуд, ки дар дохили он 41 бастачаи рангаш сиёҳ мавҷуд буд. Инчунин аз номбурда ҳабҳои рангашон гулобӣ дарёфт шуд.
Худи ҳамон рӯз ҳангоми кофтукови манзили дастгиршуда кормандони фаврӣ як қуттиро дарёфт намуданд, ки дар дохили он 78 дона ҳабҳои рангашон сурх мавҷуд буданд.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ маводи дарёфтшуда ҳашиш ва маводи психотропии Метилендиоксиметамфетамин (МДМА) ва амфетамин мебошад.
Ҳоло парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Боздоштшуда ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати агентӣ ворид карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






