Дар соҳили Юнон боз як киштии дигари муҳоҷирон ғарқ шуд
Душанбе, 29.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 28-уми январ дар баҳри Эгей дар наздикии соҳили Юнон киштии муҳоҷирон ғарқ шуд. Бино ба маълумоти пешакӣ, дар киштӣ 21 нафар қарор дошт. 11 каси онҳо, аз ҷумла 7 кӯдак ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора «Вести.ру» иттилоъ медиҳад.
Зимни амалиёти наҷотдиҳии муҳоҷирон ба муҳофизони соҳилии Юнон муяссар шуд, ки 10 нафарро наҷот диҳанд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар давоми ҳашт моҳ беш аз 300 ҳазор нафар барои ба ҳудуди Иттиҳоди Аврупо ворид шудан кӯшиш намудаанд, ки аз баҳри Миёназамин гузаранд, вале 2,5 ҳазори онҳо ба ҳалокат расидаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






