Дар вилояти Суғд олимпиадаи мактабиён оғоз ёфт

Январь 13, 2016 17:41

Хуҷанд, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз дар бинои таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати вилояти Суғд даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон аз рӯи фанҳои таълимӣ бо иштироки соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ ва иштирокдорони фаъоли даври шаҳриву ноҳиявӣ оғоз ёфт.
Ёдовар мешавем, ки даври вилоятии олимпиадаи мактабиён 4 рӯз идома менамояд. Рӯзи аввал хонандагон аз рӯи фанҳои гуманитарӣ донишу маҳорати худро месанҷанд. Рӯзҳои минбаъда толибилмон аз рӯи фанҳои дақиқ қувваозмоӣ менамоянд.
Як ҷиҳати фарқкунандаи олимпиадаи имсола дар он аст, ки ба соҳибони ҷойҳои чорум ва панҷуми даври шаҳриву ноҳиявӣ низ имкони иштирок намудан дар он дода шудааст.

Январь 13, 2016 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд