Дар як ҷазираи Япония баъди 115 сол бори аввал барф борид
Душанбе, 25.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-Дар ҷазираи Амами-Осимаи Япония баъд аз 115 сол барф борид. Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ин кишвар хабар додааст, бори охир бориши барф дар ин ҷазирае, ки ба минтақаи Кагосима тааллуқ дорад, 12-уми феврали соли 1901 ба қайд гирифта шуда буд. Гуфта мешавад дар қисми ҷанубу ғарбии Япония рӯзҳои истироҳатӣ хеле сард шуда, барфрезӣ ба амал омад. Дар қисми ҷанубии ҷазираи Кюсю, ки барф дар он ҷо хеле кам меборад, баландии барф ба 10 см ва дар шаҳри Нагасаки ба 16 см баробар гардид. Ин нишондод барои ҳар ду минтақа рекордӣ мебошад, менависад хабаргузории РИА «Новости». Дар қисми ҷанубии минтақаи Окинаваи Япония сардии ҳаво ба 4,6 дараҷаи таҳти сифр расидааст, ки ин ҳолат низ рекордӣ унвон мегирад. Ҳамчунин ҳодисаи мушобеҳ дар шаҳри Фукуока ба амал омад, ки дар пайи он 11 мошин ба ҳам бархурда, боиси осеб дидани чанд нафар шуд. Қаблан дар мавриди қатъ гардидани парвози 166 хатсайр ба самти шаҳрҳои ҷанубу ғарбии мамлкат хабар доданд. 7 ширкати ҳавопаймоӣ дар сомонаи расмии худ дар мавриди қатъи парвозҳо ба минтақаҳои Кинки, воқеъ дар ҷазираи Сикоку ва Кюсю хабар пахш кардаанд. Обуҳавошиносон иттиллоъ медиҳанд, ки бориши барф имрӯз давом меёбад. Шабонарӯзи охир дар қисми ҷанубу ғарбии Япония бориши барф аз 30 см то 100 см пешбинӣ шудааст. Бориши беисти барф ва сардии ҳаво на танҳо барои обу ҳавошиносони Япония, балки ин ҳолат дар раванди мушоҳидаи метеорологии Амрико низ таърихӣ ба шумор меравад. Гуфта мешавад, рӯзҳои охири ҳафтаи гузашта пойтахти ИМА-ро барфи зиёд фаро гирифта, ғайр аз ин тӯфони барфии “Ҷонас” 11 иёлати Амрикоро фаро печид, ки вобаста ба вазъияти баамаломада ҳукумати мамлакат ҳолати фавкулодда эълон кард. Тӯфон ва пайомадҳои он боиси марги 17 нафар гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






