Дастгир гардидани се сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони ғоратгарӣ
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Шаби 20-ум ба 21-уми декабри соли 2015, тахминан соати 23:20-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ширкати ҶДММ “ОЗУМ”, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ шуда, бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдиди куштор дасту пойи посбон, марди 71-солаи сокини шаҳри Душанберо баста, қулфи дари ҷевони оҳанинро шикаста, аз дохилаш 10370-доллари амрикоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия се сокини ноҳияи Рӯдакӣ: марди 25-сола, марди 24-сола ва марди 31-сола, ки охирин, пеш бо моддаҳои 249 ва 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд.
Нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






