Дастгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ

Январь 29, 2016 15:48

Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Нур» ва сохторҳои муҳоҷирати шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон семинар оид ба Барномаи «Дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оилаҳои мӯҳтоҷи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ВМКБ» баргузор гардида, мавриди муҳокима қарор ёфт.
Бояд гуфт, ки тибқи барномаи мазкур бояд 80 оилаи камбизоат аз миёни муҳоҷирони меҳнатии ноҳияи Шуғнон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Нур» дастгирӣ ёбад.
Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия бо дастгирии бевоситаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия рӯйхати 12 оилаи 4 ҷамоати деҳоти ноҳияро, ки саробонони оилаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ба оилаҳои худ кумаке намерасонанд, тартиб дода, ба Ташкилоти ҷамъиятии «Нур» пешниҳод намуд.

Январь 29, 2016 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад