Дастгирии занони деҳот аз ҷониби Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»

Январь 28, 2016 18:07

Душанбе, 28.01.2016. (АМИТ “Ховар”) — Дар доираи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ноҳияи Шӯрообод, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик дар маҷмўъ 450 нафар занон аз оилаҳои камбизоат бо 2250 сар чорвои хурди шохдор ва хўроки чорво барои мавсими зимистони соли аввал таъмин шудаанд. Ҳар як оила бо 3 сар буз, 2 сар гӯсфанд ва хўроки чорво барои мавсими зимистонгузаронии соли якум таъмин гардид, ки ин бешубҳа, ба беҳтар намудани ғизо ва баланд бардоштани даромаднокии занҳои хонаводаҳои камбизоат мусоидат хоҳад намуд.
Барои панҷ ноҳияи зерҳадаф дар соли 2015- 250 баста дар ҳаҷми 5000 сар паррандаи хонагӣ ба занони камбизоат дода шуд.
Ҳамчунин аз тариқи бастаи занбӯрпарварӣ дар ноҳияи Балҷувон, ҷамоати Сари Хосор ба 13 оилаи камбизоат дар ҳаҷми 130 қуттии занбӯри асал бо хӯрок ва олоти корӣ таъмин карда шуданд.
Аз тариқи бастаи коркард ва маркетинги маҳсулоти чорво дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа 25 гурӯҳ таъсис дода шудааст. Дар ноҳияи Шӯрообод 10 гурӯҳи коркарди шир бо ҷалби 60 зан таъсис дода шудааст, ки ҳоло таҷҳизоти корӣ барои гурӯҳҳои мазкур аз тарафи лоиҳа таъмин карда шудаанд.
Ҳамчунин 15 гурӯҳи коркарди пашм низ таъсис дода шудааст, ки аз тарафи лоиҳа ин гурӯҳҳо бо таҷҳизот ва маҳсулоти корӣ таъмин карда шудаанд. Дар маҷмўъ,дар ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик, Ховалинг ва Мўъминобод 110 нафар занон бо ин шуғл машғул мебошанд. Инчунин барои дар сатҳи баланд омӯзонидани коркарди пашм барои занон лоиҳа мутахассисони таҷрибадорро аз Ҷумҳурии Муғулистон даъват намуд ва занони деҳот технологияи муосири коркарди пашмро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатнома шуданд.

Январь 28, 2016 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад