Дидори П. Давлатзода бо А. Гасанов

Январь 29, 2016 08:13

Душанбе, 29.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- 27 январи соли 2016 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон П. Давлатзода Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон А. Гасановро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон миннатдории раҳбарияти кишварро ба Ҳукумат ва мардуми Озарбойҷон барои кумаки башардӯстона барои рафъи оқибатҳои заминларза дар ВМКБ изҳор намуда, паёми арзи сипоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сарвари давлати Озарбойҷон супурд.
Ҳамчунин дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Январь 29, 2016 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд