Дороиҳои “Амонатбонк” нисбат ба соли 2014 ба андозаи 39% афзуд
Душанбе, 19.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» новобаста ба вазъи кунунии таъсири омилҳои беруна ба низоми бонкии ҷумҳурӣ, фаъолияти худро дар соли 2015 ба нишондиҳандаҳои назарраси молиявӣ ҷамъбаст намуд.
Дороиҳои бонк дар соли ҳисоботӣ маблағи 2,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2014 ба андозаи 39% афзуд. Пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд»,-иброз намуд муовини раиси раёсати БДА “Амонатбонк” Муҳаммадзода Бахтиёр имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар назди хабарнигорон.
Тибқи иттилои масъулини бонк, сармояи умумии бонк дар соли ҳисоботӣ маблағи 249,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2014 12% афзун гардид.
Даромади тавозунии бонк дар соли 2015 то андозбандӣ маблағи 48,9 млн. сомонӣ ва баъд аз андозбандӣ маблағи 30 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2014 13% зиёд аст.
Тавассути филиалҳои бонк маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмӣ қабул ва ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида мешаванд. Ин хизматрасонӣ, ки бевосита барои ғанӣ гардонидани Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст, иҷрои босифату саривақтиро талаб менамояд. То имрӯз фаъолияти бонк дар ин самт муътадил нигоҳ дошта шудааст.
Дар соли 2015 3 млрд. сомонӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тариқи нақдӣ беподош андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ қабул гардида, ба суратҳисобҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронида шуданд.
Хусусан ба суратҳисобҳои транзитии буҷети давлатӣ андозу пардохтҳои ҳатмӣ ба маблағи 1920 млн. сомонӣ ва маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1937 млн. сомонӣ ворид шуда, ба суратҳисобҳои марбута сари вақт гузаронида шуданд.
Дар ин давра ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 21,9 млн. сомонӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, дастраси оилаҳои камбизоат гардонида шуд.








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






