ДСРТ бо донишгоҳҳои хориҷӣ 88 созишномаи ҳамкорӣ дорад

Январь 14, 2016 13:30

Душанбе, 14.01.2015 (АМИТ «Ховар»). Зимни нишасти хабарие, ки имрӯз дар Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) доир шуд, ректори донишгоҳ Нуралӣ Солеҳов ба хабарнигорон гуфт, ки ДСРТ бо донишгоҳҳои хориҷӣ 88 созишномаи ҳамкорӣ дорад, аз ҷумла бо Донишгоҳи нақлиёти Сиан ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус.
ДСРТ дар чунин барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалии таҳсилотӣ ширкат меварзад: Донишгоҳи шабакавии ИДМ, Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Лоиҳаи «UNICO»(Европейский Союз), Лоиҳаи «GSMART» (Иттиҳоди Аврупо).
Дар соли 2015 9 намояндагии донишгоҳҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин олимони намоён ба ДСРТ ташриф оварданд. Дар ин давра аз тарафи ДСРТ ба Президенти Донишгоҳи Тсукубаи Япония Кёсуке Нагата унвони Доктори фахрии ДСРТ дода шуд.

Январь 14, 2016 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст