ДСРТ: Паёми имсола аз паёмҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дошт
Душанбе, 29.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бевосита ба тарбияи ҷавонон, хусусан шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ диққати махсус дод.
Имрӯз вобаста ба баррасии Паём дар Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон чорабинӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
«Масъалае, ки имрӯз тамоми минтақаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст- ин пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ мебошад. Ҷавонони ба чунин гурӯҳҳои шомилшуда на рукнҳои ҷамъиятиро медонанду на саводи сиёсӣ ва динӣ доранд. Агар мо дар якҷоягӣ камари ҳиммат баста, барои ин масхала дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем, бовари комил дорам, ки натиҷаи хуб ба даст меорем»,-зикр дошт мудири кафедраи матбуот ва алоқа бо ҷомеаи донишгоҳи мазкур Шариф Муллоев.








Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






