Эъломияи Душанбе оид ба волияти қонун
Душанбе, 28.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки вазири адлияи мамлакат Рустам Шоҳмурод имрӯз, 28 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ Форуми якуми миллӣ оид ба волияти қонун дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамкории институтҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷабҳаҳои муҳимтарини рушди ҳуқуқ дар ҷаҳони муосир мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳуқуқшиносон, олимон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Форуми мазкур ба масъалаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адолати судӣ, уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, масоили мубрами қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, Эъломияи Душанбе оид ба волияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карданд.
Хотиррасон бояд шуд, ки мутобиқи Амри Президенти мамлакат аз 15-уми сентябри соли 2011 вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз даҳаи дуюми моҳи январ то даҳаи дуюми моҳи феврали соли равон вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ дар давраи соли 2015 барои расонаҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






