Эштон Картер гуфт, ҳарбиён се ҳадаф доранд
Душанбе, 23.01.2016 (АМИТ «Ховар») – Дивизияи яккачини десантӣ ва чархболҳои ҷангӣ барои анҷом додани амалиёти десантӣ омодааст, — изҳор кардааст, вазири мудофиаи Амрико Эштон Картер. Тибқи суханони ӯ барои мубориза ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ ба кишварҳои Ироқ ва Сурия дивизияи ҳавоӣ-десантии 101-ум фиристонида мешавад. Нақшаи амалиёти десантӣ бо аъзои дигари эътилофи байналмилалӣ – Фаронса, Олмон, Австралия, Италия, Британияи Кабир ва Ҳоланд ҳамоҳангу мувофиқат шудааст. Тавре ки расонаҳо хабар медиҳанд, зимни мусоҳибаи худ вазири мудофиаи Амрико Эштон Картер гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро саратон номида, се вазифаи муҳими эътилофи байналмилалиро номбар кардаст: пеш кардани террористон аз шаҳрҳои Мосул ва Ракка, дар тамоми кишварҳои рӯи олам решакан намудани вабои «саратон»- терроризм, яъне ДИИШ ва савум ҳифзи Ватани худ аз гурӯҳҳои террористӣ.
Ёдовар бояд шуд, ки дар давоми ду соли охир гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар ҳудуди кишварҳои Сурия ва Ироқ ҷойгир шуда, ба амалҳои террористии зиддиинсонӣ анҷом медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






