Фаъолияти донишгоҳ баъди дарёфти паёми таҳдидомез боздошта шуд
Душанбе, 25.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-Фаъолияти Донишгоҳи шаҳри Эребруи Шветсия баъд аз дарёфти паёми таҳдидомез муваққатан қатъ карда шуд. Тавре хабаргузории ТАСС бо такя ба маълумоти Хадамоти бехатарии донишгоҳи мазкур навиштааст: имрӯз ин муассисаи таълимӣ аз фаъолият боздошта шуда, донишҷӯён аз дарсҳо озод гардидаанд. Тавре ки манбаъ хабар медиҳад, дар паёми таҳдидомез навишта шудааст, ки: «Агар Шумо рӯзи душанбе ба дарс биёед, пас ин бо фоҷеа меанҷомад». Баъди дарёфти ин паёми таҳдидомез роҳбарияти донишгоҳ дар якҷоягӣ бо мақомоти полис ба хулосае омаданд, ки имрӯз машғулиятҳои дарсиро баргузор нанамоянд. Ба гуфтаи роҳбарияти донишгоҳ: «Мо наметавонем ҳаёти донишҷӯён, устодон, кормандон ва ашхоси ба донишгоҳ меомадаро зери хатар гузорем».
Хотиррасон мешавем, ки донишгоҳи шаҳри Эребруи Шветсия 17 ҳазор донишҷӯ ва 12 ҳазор омӯзгору корманд дорад. Имрӯз бинои донишгоҳ ва атрофи он пурра таҳти назорати неруҳои амниятӣ ва мақомоти полис қарор доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






