Франсуа Олланд дар масҷиди ҷомеи Париж «чойи бародарӣ» нӯшид
Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ “Ховар”).-Президенти Фаронса Франсуа Олланд рӯзи якшанбе зимни як дидори ғофилгир ба яке аз масҷидҳои бузурги Фаронса, воқеъ дар маркази ин кишвар ҳузур пайдо кард.
Дар ин ҷо, ки аз қурбониҳои амалҳои террористӣ ёдоварӣ мекарданд, Олланд дар фазои дӯстӣ ва сари пиёлаи «чойи бародарӣ» табодули назар намуд. Рӯзҳои шанбе ва якшанбеи гузашта садҳо масҷид дарҳои худро барои ёдоварӣ аз қурбониҳои амалҳои террористӣ, ки дар Париж анҷом ёфт. таҳти унвони «Дарҳои боз» боз намуданд, то аз «Исломи ҳамдигарфаҳмӣ» аз тариқи тақдими «чойи бародарӣ» дифоъ намоянд. Мавриди зикр аст, ки баъд аз мурури 1 сол аз ҳуҷуми ноябри соли 2015 аз ҷониби террористон Шӯрои ҳайати диёнати исломии Фаронса, ки масҷидҳои ин кишварро дар бар мегирад, ба муносибати бузургдошти қурбониҳои кормандони ҳафтаномаи «Шарли Эбдо» ин чорабиниро барпо намуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






