Хариди 63 маҷмўаи дастхат ва 65 китоби чопи сангӣ дар КМТ
Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Соли сипаришуда дар Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон 207 нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангии аҳолӣ мавриди санҷиши соҳавӣ қарор дода шуда, 63 маҷмўаи дастхат ва 65 китоби чопи сангӣ харид шуд.
Ҳамчунин 30 нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангӣ аз аҳолӣ барои харид ҷамъоварӣ шуда, илова бар ин, дар шакли туҳфа аз фонди элэктронии Китобхонаи миллии Фаронса 30 нусхаи хаттии электронӣ ва аз Осорхонаи санъати Балтимори ИМА 21 нусхаи хаттии нафис ба фонди электронии шуъба ворид шуд.
Ба толори хониш ва “Осорхонаи китобҳои нодир” 4333 нафар хонандагону меҳмонони дохилию хориҷӣ ташриф оварданд, ки нисбат ба соли 2014-ум 2090 нафар зиёдтар аст.








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






