Хароҷоти буҷети давлатӣ 93,5 фоиз иҷро шуд
Душанбе, 30.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ маҷмўи маҳсулоти дохилии истеҳсолшуда дар моҳҳои январ — декабри соли 2015 48401,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба моҳҳои январ — декабри соли 2014 бо нархҳои муқоисавӣ 106,0 фоизро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти пешакии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба андозаи 100,5 фоизи нақшаи аниқшудаи ин давра иҷро шуд.
Воридоти андозҳо 66,3 фоизи ҳаҷми умумии даромадро ташкил додааст.
Дар соли 2015 хароҷоти буҷети давлатӣ ба андозаи 93,5 фоизи нақшаи аниқшуда иҷро шуд.
Ба тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ 25,5 фоиз, барои соҳаҳои иқтисодиёт (бо назардошти ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ) 37,0 фоиз, ба суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ 17,2 фоизи ҷамъи маблағ сарф шудааст.








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






