Хатлон: Муроҷиаткунандагон ба ҷойи кори пештараашон барқарор гардиданд
Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ “Ховар”). -Дар соли 2015 Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ба он муваффақ гардид, ки сафи аъзои худро афзоиш дода, фаъолияти сохторҳои онро сифатан беҳтар ба роҳ монад.
«Соли гузашта аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳуқуқи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва нозирони ҳуқуқи кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳавии вилоят 98 аризаи муроҷиаткунандагон мавриди санҷиш қарор гирифт, ки 10 — тои он хаттӣ буд. Аризаи он нафаронеро, ки бесабаб аз кор озод шуда буданд, мавриди санҷиш қарор дода, ба ҷойи кори пештараашон барқарор намудем. Ҳамчунин бо ташаббуси нозирони меҳнати иттифоқҳои касабаи вилоят дар корхонаву хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳо назорату санҷишҳо оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҳифзи меҳнат» 419 санҷишу омӯзишҳо гузаронида, 846 ҳолти вайрон намудани қоидаҳою қонунҳоро ошкор намудем. Бояд гуфт, ки нисбат ба 179 роҳбари корхонаву муассисаҳо амрнома дода шуда, аз он 794 ҳодисаи вайрон намудани ҳифзи меҳнат ва муҳити атроф бартараф карда шуд. Боқимонда 126 адади он зери назорати ҳифзи меҳнат қарор доранд», — гуфт Иброҳим Азизов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят зимни нишасти матбуотӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






