Хатлон: Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар соли 2015 сурат гирифт
Душанбе, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Моҳи декабри соли 2015 бори нахуст дар таърихи тибби вилояти Хатлон амалиёти пайвандсозии гурда дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара бомуваффақият ба анҷом расид.
— 4 декабри соли гузашта аз ҷониби ҷарроҳони беморхонаи мо дар якҷоягӣ бо табибони шаҳри Душанбе нахустин амалиёти ҷарроҳӣ оид ба трансплантатсия ё пайвандсозии гурда гузаронида шуд. Бемор Фарҳод Ҳоҷибоеви 37-сола, сокини шаҳри Хуҷанд буда, донори ӯ яке аз хешовандонаш буд. Беморхонаи мо барои анҷом додани чунин амалиёти мушкил тамоми шароитро дорост ва Фарҳод Ҳоҷибоеви хуҷандӣ ҳаминро ба инобат гирифта, барои гузаронидани ин амалиёт ба Данғара омад. Ҳоло вазъи саломатии номбурда ва донори ӯ хуб аст ва онҳо чанд рӯз пеш аз фарорасии соли нави мелодӣ ба хонаҳои худ баргаштанд. Мутахассисони соҳа аз пойтахти кишвар бо шароити Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара шинос шуда, барои мусоид будани он барои таъсис додани Маркази транспанталогия изҳори андеша намуданд. Аммо ҳоло мо танҳо дар бораи ифтитоҳи шуъбаи он андеша дорем», — гуфт Хизматулло Шамсзода, сардухтури беморхонаи мазкур ва афзуд, ки ҳоло беморон барои амалиёти пайвандсозии гурда дар Эрон 16 ҳазор доллари ИМА, дар Русия ҳудуди 70 ҳазор доллар ва дар Олмон то 120 ҳазор евро сарф мекунанд, аммо дар Тоҷикистон чунин амалиёти ҷарроҳӣ бо сарфи ҳамагӣ камтар аз 48 ҳазор сомонӣ сурат мегирад, ки нархи нисбатан дастрас мебошад. Қарор аст, ки дар соли нав низ дар беморхонаи ҷумҳуриявии Данғара якчанд амалиёти дигари пайвандсозӣ сурат бигирад.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






