Хатлон: Натиҷагирии Раёсати фарҳанг аз фаъолияти меҳнатӣ дар соли 2015
Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ “Ховар”). Дар Кохи Ватани шаҳри Қурғонтеппа ҷаласаи ҷамъбастии кормандони муассисаҳои фарҳангии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 ва вазифаҳои минбаъдаи он доир гардида, зикр шуд, ки дар вилоят 499 китобхонаи оммавӣ, 313 муассисаи клубӣ, 18 осорхона, Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб, 28 мактаби санъат ва мусиқӣ, мактаби рассомии шаҳри Кӯлоб, 21 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 3 театри касбӣ, 5 театри халқӣ, 2 филармонияи халқии ноҳияҳои Ҳамадонию Бохтар, 581 ёдгории таърихӣ, 3 ансамбли касбӣ, 11 ансамбли халқӣ тарона ва рақс дар хизмати сокинони вилоят қарор доранд.
Бурҳониддин Раҷабов, сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон дар ҷаласа изҳор дошт, ки дар соли нав аҳли фарҳангу ҳунари вилоятро масъулияти бузург — дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ таҷлил намудани 19- солагии Ваҳдати миллӣ, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин дигар ҷашну санаҳои таърихӣ дар пеш аст.
Дар машварат аҳли фарҳангу ҳунари вилоят аз камбудиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта ҷиддан хулосабарорӣ карда, барои бартарафсозии онҳо ва пешрафти кор мубодилаи афкор намуда, мақсад гузоштанд, ки чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ созмон дода, ба ин васила дар самти болоравии тарбияи маънавию маърифатии аҳли ҷомеа саҳми арзанда дошта бошанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






