Хатсайри нави Душанбе-Пекин 21 феврал фаъол мегардад
Душанбе, 19.01.2016 (АМИТ «Ховар») .- Хатсайри нав байни Душанбе ва Пекин ифтитоҳ гашта, 21 феврал аз тариқи ин хатсайр аз Душанбе ба самти Пекин аввалин маротиба парвозҳо ба роҳ монда хоҳанд шуд.
Дар ин бора зимни муаррифии хатсайр 18 январ директори генералии Алянси туристии Синзян Джанг Сяою иттилоъ дод.
Дар моҳи майи соли 2013 зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин баёния оид ба ифтитоҳи парвозҳои мустақим миёни ду кишвар ба имзо расид. Дар асоси ин санад, 29 октябр соли 2015 байни ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва Алянси туристии Синзяни Чин созишнома оид ба ифтитоҳи хатсайри мустақими Душанбе-Пекин -Душанбе ба имзо расид.
Мутасаддиёни ширкати ҳавопаймоӣ зарурати кушодани хатсайрро дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебинанд.
Бино ба иттилои директори генералии Алянси туристии Синзян Жданг Сяою ин хатсайр барои ҳамкории мутақобилан судманд, муттаҳидсозии ду кишвар ва рушди соҳаи туризму савдо нақши муҳим хоҳад бозид.
Парвозҳо ҳар ҳафта рӯзи душанбе аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Пекин ба роҳ монда мешаванд. Давомнокии парвоз 5 соату 30 дақиқаро ташкил хоҳад дод.
Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» махсус барои ин парвозҳо як ҳавопаймои нави «Боинг 757-200»-ро, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст, харид намуд.
Ҳавопаймо дорои 230 ҷойи нишаст буда, 16 -тои он ҷойҳои тиҷоратӣ (бизнес-класс) мебошанд.








ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад






