Хонандагони тоҷик сазовори 51 медал гаштанд
Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Хонандагони тоҷик дар соли таҳсили 2015-2016 — 51 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 7 медали тилло, 9 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ мебошад.
Бино ба гуфтаи директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо У.Сафаров, хонандагони тоҷик пас аз баргузории олимпиадаи фаннӣ дар мусобиқаи варзишӣ низ иштироки фаъолона намуда, дар байни намояндагони 18 давлат сазовори 6 ҷои ифтихорӣ — 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд.
“Соли хониши равон хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Русия, Қазоқистон, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд баргузор гардиданд, иштироки фаъолона намуда, бо дастовардҳои илмии худ шараф ва парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштанд”,- илова намуд У.Сафаров.
Хотиррасон мекунем, ки инчунин моҳи январи соли 2016 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи байналхалқии жаутиковӣ аз фанҳои физика, математика ва технологияи информатсионӣ баргузор гардид, ки дар он 34 хонандаи тоҷик иштирок намуда, сазовори 6 медали биринҷӣ гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






