Хуҷанд: 100 ҳазор сомонӣ барои истифодаи технология ва таҷҳизоти муосири тиббӣ
Хуҷанд, 20.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- «Масъалаи баланд бардоштани дараҷаи касбии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки эътибори ҷиддиро металабанд ва таҳти назорати Раёсати тандурустии вилоят қарор доранд» — гуфт сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ваҳҳоб Саломов зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Ба иттилои Ваҳҳоб Саломов барои бозомӯзӣ ва омода намудани мутахассисони касбӣ дар самти истифодаи технология ва таҷҳизоти муосири тиббӣ ба миқдори 100 ҳазор сомонӣ дар соли 2016 ҷудо шудааст.
Зимнан, масъалаи таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ аз масъалаҳои аввалиндараҷаи соҳаи тандурустӣ маҳсуб мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






